Ба гузориши хабаргузории АБНА бо истинод ба Алҷазира, Гадӣ Айзенкот, рақиби асосии Нетанёҳу дар интихоботи Кнесети режими сионистӣ гуфт, ки Нетанёҳу ва шариконаш амалиёти ғайриқонунии таъсиррасонӣ ба афкори умумии Исроилро идора мекунанд, то нашри натиҷаи интихоботро ба таъхир андозанд
Бар асоси ин гузориш, Айзенкот ҳушдор дод, ки «кӯшиши сӯиистифода аз иттилооте, ки дар бораи онҳо таҳқиқ нашудааст, бо ҳадафи зери савол бурдани натиҷаи интихоботи Кнесет қобили қабул нест»
Ин хабар дар ҳолест, ки Исҳоқ Ҳертсог, роҳбари режими сионистӣ низ гуфтааст, ки таҳқиқот дар бораи шубҳаҳое, ки имрӯз субҳ дар бораи натиҷаи интихобот нашр шуд, аз наздик пайгирӣ мекунад
Ҳертсог эълон кард, ки «бояд далелҳо ва шоеъот ба таври комил баррасӣ шаванд ва омилон тибқи аҳкоми қонун ба ҷавобгарӣ кашида ва ҷазо дода шаванд»
Your Comment